(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз, дар Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сершумори кўдакону наврасон Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил карда шуд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҳайати ҳамроҳонашон ба майдони идгоҳ ворид гардида, шодишарики кӯдакон шуданд.

Тарбиятгирандагони Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд бо маҳорати хосса ва малакаю истеъдод суруду таронаҳо хонда, саҳначаҳои ҷолиби ватандӯстона нишон доданд.

Дастпарварони ширхоргоҳ-кўдакистонҳои шаҳри Хуҷанд бо барномаҳои рангини худ табъи ҳозиринро болида намуданд.

Дар даромадгоҳи боғ ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, хонандагони эҷодкор аз дастовардҳои хеш ба меҳмонон маълумот дода, шеъру таронаҳои эҷодкардаашонро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва ғайраҳо ироа намуданд.

Ғолибони озмуни Академияи хурди илмҳо ва аъзои он ба ҷиҳати дастгириву ғамхориаш миннатдорӣ баён намуданд.

Аз намоишгоҳи дастаранҷи маҳфилчиёни Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, намоиши ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ, Ватанпарвар ва гӯшаи табиати зинда, ки аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд омода шуда буд, меҳмонон дидан намуда, ба ғолибони озмунҳои "Бехтарин роҳбари маҳфил", "Рассоми беҳтарин", "Ихтироъкори бехтарин", олами паранда ва набототи беҳтарин ҷамъбаст ва ба ғолибон роҳхат ба истироҳатгоҳ дода шуд. Дар охир аз ҷониби аъзоёни маҳфили Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба ҳаво мушаки тантанавӣ парронда шуд.

«Шаҳраки саломатӣ», ки маҳсули дастранҷи ҷомеаи табибони вилоят буд, аз усулу равишҳои нави табобату муолиҷаи наврасону кӯдакон ба раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иттилоъ доданд. Варзишгарони наврасу ҷавони вилоят маҳорати хешро дар гӯштингирӣ, дзюдо, теннис, шоҳмот, шашка, карате ва ғайра нишон дода, ваъда намуданд, ки ҳамеша Парчамбардори меҳнати азизи хеш мегарданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода чорабинии тантанавиро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ифтитоҳ намуда, эшонро бо Рӯзи идашон табрик намуд.

Зайнури Азимӣ, зимни ироаи номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла таъкид дошт, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи фарзандонро аз рисолати наҷиби падару модар ва вазифаи муқаддаси ҳар як оила ва ҷомеа ҳисобида, таъкид намудаанд: «Мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносию худогоҳӣ ва ватандўстию ватанпарастӣ тарбия кунем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш огоҳона саъю талош варзанд».

Ба шарофати файзи истиқлол дар кишвар пешрафти соҳаи маориф хеле намоён ба назар расида, кўдакону наслҳои ҷавон зери осмони софу беғубор саодати зиндагӣ доранд. Таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кўдакону наврасон, дар замири насли ҷавон парваридани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносию ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида дар мадди назари ҳамешагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Ба ин хотир солиёни охир ва махсусан бахшида ба 30– юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бинои якчанд кўдакистон, мактаб – интернат бунёду азнавсозӣ гардида, бинои нави хонаи кўдакон ба истифода дода шуд. Таҳти сарпастӣ қарор гирифтани муассисаҳои томактабӣ ва мактаб-парваришгоҳҳо имконият фароҳам овард, ки сатҳи таълиму тарбия ва шароити зиндагонии кўдакон рў ба беҳбудӣ оварад.

Сипас Фирдавс Шарифзода Раиси шаҳри Хуҷанд кўдаконро бори дигар бо идашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки дар шаҳр барои модару кўдак фароҳам овардани шароити мусоид дар мадди назар аст. Барои афзунии шумораи кўдакистонҳо, таъсиси кўдакистонҳои хусусӣ, таъмиру тармими онҳо, таъмини ғизои солим, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон, баланд бардоштани мақому манзалати мактаб корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Боиси фараҳ аст, ки пас аз чанд моҳи дигар мо ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро таҷлил менамоем. Истиқлолият сарчашмаи хушбахтиву хушрўзӣ ва сарбаландиву ифтихори тамоми мардуми кишварамон аст. Вазифаи шумо – кўдакону наврасони азиз ҳамчун насли хушбахти даврони истиқлолият ва ворисони сазовори миллату давлат дар навбати аввал азхуд кардани илмҳои замонавӣ ва технологияҳои муосир, хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, эҳтироми калонсолон, хусусан падару модарон иборат мебошад.

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон табъи ҳозиринро болида намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар тантанаҳои идонаи боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» беш аз 10 ҳазор нафар кӯдакону наврасон иштирок ва бо фараҳмандӣ Иди хешро таҷлил намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд