(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Тарзи нави корбарии Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон охири ҳар ҳафта рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор мегардад. Дар ҳамин замина таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ба шахсони эҳтиёҷманд диққату эътибори худро бештар мегардад.
Бо ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чандест, ки усули нави кор бо сокинон ва муроҷиати онҳо роҳандозӣ шудааст.
Баъди қабул ва баррасии дархости шаҳрвандон Раиси шаҳри Хуҷанд ба манзили зисти бархе аз онҳо рафта аз вазъи истифодаи кӯмаки расондашуда ва ҳолати воқеии сокинони муроҷиатнамуда шахсан огоҳ мегардад.
Ин навбат низ Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ошноӣ аз рафти корҳои сохтмонии манзили оилаи Ғаниевҳо рафт. Тарзи нави корбарии Раиси шаҳри Хуҷанд.Чанде пеш сокини кӯчаи Озоди хонаи №92 а Хайриниссо Ғаниева барои кӯмаки масолеҳи сохтмонӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда буд. Ҳоло дар манзили истиқоматии онҳо бунёди хона идома дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд аз сифату миқдори масолеҳи сохтмонии дасрасшуда иттилоъ гирифта барои иловатан дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ ба роҳбариятии идораи сохтмони асосии шаҳр дастур дод.
Дар манзили истиқоматии оилаи Авезовҳо, ки наздики 0,4 га масоҳат дорад, чаҳор оила иборат аз 18 нафар истиқомат менамоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо аъзоёни оилаи Авезовҳо сӯҳбат намуда, дар баробари расондани кӯмак иборат аз маводи хӯрока аз масъулини комиссияи ҷамъиятии назди Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дархости баррасии саривақтии аризаи оилаи мазкур бобати таъмини замини наздиҳавлигӣ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокини кӯчаи ба номи Н Хусрав №18.а Абдуваҳҳоб Набиев дар манзили зисташ мулоқот намуда, огоҳӣ ёфт, ки ҳоло барои ҷарроҳии пойи худ дар паи ҷустуҷӯи маблағ буда дар бонк суратҳисоби махсус ба номаш кушода шудааст. Бо мақсади гирифтани кӯмак ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандниз муроҷиат намудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки то интиҳои ҳафта ба суратҳисоби мавсуф панҷ ҳазор сомонӣ маблағ гузаронида шавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ҳафтаи равон, ки арафаи Иди Фитр аст 100 нафарро аёдат намуда, кӯмаки якнавбатинаи маводи ғизо ба онҳо дастрас намояд.