(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд барои ҳалли мушкилоти сокинон расидагӣ менамояд.

Чанде пеш як гурӯх сокинони маҳаллаи ба номи С. Ҳофиз ва Ҷ. Расулов доир ба ғайримақсаднок истифода бурдан ва қисман бекорхобидаи бинои дар шафати чойхонаи маҳалла буда, ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намуда буданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт бо мақсади ҳалли мушкилоти сокинони маҳалла ва анҷоми мулоқот бо онҳо бо ҳамроҳии муовини якум, роҳбарони воҳидҳои сохтории марбута ба чойхонаи гузари «Ниёздекча» ташриф орад.
Ба намояндагӣ аз сокинони маҳаллаҳои номбурда Фазлиддин Искандаров изҳор намуд, ки бинои мазкур ба соҳибкор Абдуқодир Турсунов таалуқ дошта, таи 17 сол истифода бурда намешавад. Ҳамчунин худи бино валангор шуда,мавзеи чойхона,ки ҷойи истироҳату ҷамъшавии сокинони ду маҳалла аст, ба харобазор мубаддал гаштааст.

Муроҷиати чандикаратаи бошандагони маҳаллаҳо то ҳол натиҷае надодааст.
Лозим ба ёдоварист,ки кӯчаю гузари маҳаллаҳои мазкур яке аз мавзеҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта,  қисме аз таърихи бою рангини Хуҷанди бостонӣ аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба шахсони мутасаддӣ супориш дод, то дар мӯхлати 10 рӯз барои бозбинии ҳуҷҷатҳои бинои мазкур, мақсаднок истифода бурдани бино ва нақшаи минбаъдаи истифодаи онро таҳлил намуда,хулосаи худро пешниҳод намоянд. Ҳамчунин соҳибмулки бинои мазкур вазифадор карда шуд, ки то пешниҳоди хулосаи ҳайати корӣ лоиҳа ё тасмими минбаъдаи бинои мазкурро ба ҳайати корӣ ирсол намояд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳангоми мулоқот бо сокинон таъкид дошт, ки имрӯз ҳар як сокини кишвар барои ободонӣ ва зебо гардондани кӯчаю маҳаллаи худ саҳмгир бошад.
Имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сиёсати созандагӣ ва ободкорист. Барои ин ҳар як сокини шаҳр бояд дар анъанаҳои неки шаҳрдорӣ, сарсабзу хуррамгардонии он ташаббускор бошад».
Сокинони маҳалла дар мавриди тартиби гаштугузори нақлиёт дар гузару кӯчаҳои маҳалла, мумфарш намудани он ба Раиси шаҳри Хуҷанд таклифу пешниҳод намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода ташаббуси сокинони маҳаллаҳоро оид ба тариқи ҳашар асфалтпӯш намудани кӯчаҳои асосии маҳалла дастгирӣ намуда,изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ дар ин кор саҳмгузор хоҳад буд.