(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)

Раҷаббой Аҳмадзода аз манзили кӯмакгирифтагон боздид намуд.Бо дастуру супориши сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кӯмаку таваҷҷӯҳ ба шахсони камбизоат, имконияти ҷисмониашон маҳдуд, бесарпаноҳ ва пиронсолон зери назорати ҳамарӯзаи Мақомаоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарор дорад.
Ҳар ҳафта рӯзи шанбе Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони маркази вилоятро бо арзу дархост қабул намуда,барои сари вақт иҷро гаштани дархости онҳо назорат менамояд.
Бо мақсади огоҳи аз сатҳу сифати  иҷроиши   супориши вобаста ба дархости ду оилаи ниёзманд, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили истиқоматии сокинони шаҳри Хуҷанд Муҳаррама Раҳимова ва Рафоат Шодиева рафт.
Модари се нафар фарзанди маюб, сокини кӯчаи Пахтакор,хонаи №5 ҳуҷраи №1 Рафоат Шодиева барои таъмири хонааш, ки ҳолати ногувор барои зиндагӣ дошт муроҷиат намуда буд. Ҳоло қисми асосии таъмири хона аз қабили азнавсозии фарш, ивази дару тирезаҳо дар марҳилаи анҷомёбӣ буда, корҳои рангубор боқӣ мондааст.
Раиси шаҳр баъди азназаркунии ҳуҷраҳои таъмиргашта, ба сардори идораи «Хуҷандобуканал» супориш дод,ки қубурҳои обу ташноби ҳуҷраи мазкур низ таъмири пурра карда шавад.
Раҷаббой Аҳмадзода аз манзили кӯмакгирифтагон боздид намуд.Шахсони имконияташон маҳдуд, сокинони кӯчаи Чуқурак ҳавлии № 1\17,оилаи Шодиевҳо аз шароити бади манзили истиқоматиаш, ки барои зиндагӣ намудан шароити мувофиқ надорад, бо хоҳиши таъмири манзил ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода муроҷиат намуда буданд.
Ҳангоми боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳавлии оилаи мазкур сохтмончиён ба тунукапӯш намудани боми манзили оилаи Шодиевҳо машғул буданд. Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти таъмир кори таъмирчиён ва масолеҳи дастрасшуда дидан намуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои таъмир супоришҳо дод.
Маблағи таъмири манзили истиқоматии оилаи Шодиевҳо аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Хуҷанд пардохта шуда, он аз тунукапӯш намудани боми хонаҳо, таъмири хонаҳо, ба тартиб даровардани саҳни ҳавлӣ иборат аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба оилаҳои Раҳимовҳо ва Шодиевҳо таъкид намуд,ки онҳо Иди Фитрро дар манзили аз таъмири хушсифат баровардашудаи худ таҷлил хоҳанд кард.
Оилаҳои номбурда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои парастории беғаразонааш изҳори сипос намуда, зикр намуданд,ки ҳамеша шукронаи ободию сарсабзии диёрро доранд.