(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикитсон бунёду азнавсозии иншооти таъиноташ гуногун, аз ҷумла маъмурию иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, маорифу фарҳанг ва ғайраҳо ҷараён дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни як боздид аз шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави маъмуриии прокуратураи вилояти Суғд дар микроноҳияи 34-уми маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави прокуратураи вилояти Суғд дар масоҳати 0, 50 га бунёд гардида, як адад бинои маъмурии 7 ошёна ва як бинои 3 ошёнаи хизматрасониро ташкил медиҳад. Пудратчии иншоот ҶДММ «СМС» буда, дар ин майдони сохтмон беш аз 120 нафар сохтмончиён фаъолият намуда, ба ҳисоби миёна то 3000 сомонӣ маош гирифта истодаанд. Корҳои асосӣ ба анҷом расида, насби тиреза ва корҳои пардозӣ бо суръат идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар қаламрави вилоят бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6500 иншооти таъиноташ гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ ва шароити арзанда ба мардум муҳайё гардад. Ин ҳама дастгиригириҳо ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад.

Ба масъулини дахлдор ҷиҳати бартараф намудани иншооти ғайриқонунии ҳудуди бинои бунёдшудаистода ва кабудизоркунии атрофи он дастуру супоришҳо дода шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд