(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз қисми низомии 3501-и ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо шароити буду боши афсарону сарбозон шинос гардида, таъкид намуд, ки бо дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.

Таъкид гардид, ки афсарону сарбозони мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар карда, дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомўзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Гуфта шуд, ки дар қисми низомӣ барои низомиён тамоми шароити зарурӣ фароҳам аст ва сарбозони қисми низомии 3501-и ВКД ҶТ хизмат ба Ватанро мояи ифтихору сарбаландӣ дониста, баҳри адои қарзи фарзандӣ ҳамеша омода ҳастанд.

Сипас, Раиси вилоят рафти корҳои таъмиру навсозии КВД “Маркази ташхисию табобатии вилоятӣ”ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иншооти соҳаи тиб аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ таҷдиду азнавосозӣ гардида, минбаъд дар он шуъбаҳои осебшиносӣ ва раддодӣ бо технологияи муосир ҷойгир карда хоҳад шуд.

Пас аз таъмир ва муҷаҳҳазсозии марказ бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ дар он 15 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд