(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар МТМУ№ 23 шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Сабз бодо кишварам» бо иштироки кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни «Сабз бодо кишварам» бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор ва Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист – 5 июн дар асоси фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд гузаронида шуда, ҳадафи аслӣ баланд бардоштани маърифати экологӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

Дар озмун муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр аз рӯи 6 номинатсия: «Расми беҳтарин», «Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин», «Кори меъмории беҳтарин» маводҳои худро пешниҳод намуданд.

Баъди омўзиш ва баррасӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамот 18 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии № 2,3, 6,8, 10,12, 13,14,15, 16, 18, 19, 22,24,23, 27,28 –и шаҳр ғолиб дониста шуда, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ гардиданд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун ташаккул ва баланд бардоштани мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муносибати эхтиёткорона дар фикрронӣ ва амал нисбат ба экология, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани самти экологӣ дар кори муассисахои таълимӣ маҳсуб меёбад.

Зирк гардид, ки чунин озмун бо мақсади тарбия ва маърифати экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, ташаккули хоҳиши устуворӣ, риояи кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ мебошад. Дарки афзалият доштани маърифати экологӣ ҳамчун ҷузъи гуманитарӣ ва иҷтимоию табиии таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд