(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Натиҷаҳо назаррас, вале корҳо ҳанӯз зиёд.Натиҷабардорӣ аз вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар нимаи аввали соли 2014-ум бо иштироки муовини Раиси вилоят Хайрулло Амонулло, роҳбар ва дастгоҳи раис шаҳр, муовинони раиси шаҳр, сарварони мактабҳои олӣ ва миёна, роҳбарони бонкҳо ва кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, намояндагони ВАО доир гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро оғоз намуд ва маълум сохт, ки дар рӯзномаи ин тадбир як масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор мегирад. Ӯ суханро барои маърӯза ба муовини раиси шаҳр Маҳмадӣ Давлатов дод. Номбурда аз дастовардҳои шаҳр дар асоси таҳлили маълумотҳои таъҷилӣ, воқеӣ, андозу буҷет, молия, бахшҳои хориҷӣ ва иҷтимоӣ дар нимсолаи аввал ба ҳозирин маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки дар ин давра корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 231751,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот бароварданд. Индекси истеҳсоли саноат нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 122,5 фоизро ташкил дод. Дар қаламрави шаҳри Хуҷанд 93 корхонаи саноатии ҳисоботдеҳ амал мекунад, ки 75 ё ки 80,6 фоиз нисбат ба сатҳи соли гузашта бештар маҳсулот истеҳсол кардааст, аммо аз ин шумор 13 корхона аз дараҷаи соли гузашта кам маҳсулот истеҳсол намуд.
Сипас, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳо Сайфулло Ҳабибуллоев оид ба рафти иҷрои қарори ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 8-уми апрели соли 2013 дар бораи маҳалладорӣ сухан карда, гуфт, ки дар асоси ин қарор 22 маҳаллаву микроноҳия бо калимаву ибораҳои хоси ҳамон маҳал номгузорӣ шуданд, раисони маҳаллаҳои пешин ба сатҳи сармутахассисони шӯъбаи Мақомоти иҷроияи шаҳр баробар карда шуданд ва албатта, талабот аз онҳо зиёдтар гардид. Ба қавле, роҳбарони маҳаллаҳо «гушу чашму ҳуши» ҳукумат ҳастанд. Як самти асосии кори мо, -афзуд Сайфулло Ҳабибуллоев, - таъмини иҷрои ду қонуни мардумӣ – тарбия ва таълими фарзанд ва танзими расму оини мардумӣ мебошад.
Сокинони шаҳри Хуҷанд, - хотиррасон шуд Раиси шаҳр,- аз мушакпаррониҳои мавриду бемаврид борҳо ба мо изҳори нигаронӣ мекунанд,-аз ин рӯ, вақте бо аризаи баргузории тӯй ба назди масъулон меоянд, таъкид карда шавад, ки дар тӯй ва баъди баргузории он мушакпарронӣ комилан манъ аст.
Абдухалил Ёрматов, раиси кумитаи замини шаҳр оид ба ошкор намудани 202 қонуншикании шаҳрвандон дар мавриди истифодаи замин дар марҳалаи ним соли аввал сухан гуфт ва чораву тадбирҳои андешидашударо барои рафъу пешгирии қонунвайронкуниҳо маълум намуд.
Баъдан, мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Саидмухтор Ҷалолов дар мавриди амалишавии барномаҳои давлатӣ, пешгирии ҷинояти наврасон, омодасозии макотиб ба давраи зимистон ва амсоли он ба ҳозирин маълумот дод.
Муовини Раиси вилоят Хайрулло Амонулло аз натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар марҳалаи ним соли аввал изҳори қаноатмандӣ кард ва дар бартараф намудани камбудиҳо масъулинро вазифадор кард.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода дар фуроварди маҷлис бори дигар ҳамагонро ёдрас шуд, ки имсол кишвари мо 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 20-солагии ҳам Сарқонун ва ҳам Суруди миллиро, ки аз муқаддасоти мо маҳсуб меёбанд, таҷлил мекунад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди соҳибдил бояд иродаи хешро дар ин тадбирҳои муҳими сиёсӣ ифода намоянд. Бо талаби иҷрои саривақтии супоришҳои зикргардида Раҷаббой Аҳмадзода ба кори маҷлис хотима бахшид.