(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд якчанд тағийроти кадрӣ ба амал омадааст.
Аз санаи 14  июли соли равон тибқи Амри Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  ба вазифаи мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, тариқи озмун Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович таин гардид.
Ҳамчунин аз санаи номбурда Мавлянова Муяссар Олимовна ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо чомеа, Абдуллоев Муҳидинхон Баховаддинович  ба вазифаи сармутахассиси Шуъбаи кор бо маҳаллаҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, таин карда шуданд.
Дар интиҳои ҳафтаи гузашта бошад, Набиҷон Иброҳимзода дар вазифаи директори Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ва Исоев Порсо Садриддинович дар вазифаи Сардори корхонаи фурӯши барқи шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз намуданд.