(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар номгузории  марказҳои савдо забони давлатӣ риоя мегардад.Маҷлиси навбатии комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Маҷлисро Раиси комиссияи мазкур, муовини раиси шаҳр Умеда Муродова ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5-уми октябри соли 2009 таҳти № 553 ба тасвиб расидааст, санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор рафта, таъмини иҷрои он аз ҳар шаҳрванд ва сокини Тоҷикистон талаб карда мешавад. Забони давлатии мо, ки забони тоҷикист, аз забонҳои бою ғанӣ маҳсуб меёбад. Онро поку беолоиш нигоҳ доштан ва ба ояндагон бе қилу қол расонидан, аз ҳар яки мо, ҳуввияти миллӣ ва ватандӯстиро тақозо мекунад.  Мо ба маҷлиси имрӯза,-арз кард Умеда Муродова,- намояндагони оҷонсиҳои рекламавӣ ва соҳибони дӯкону мағозаҳоро даъват намудем, то ки бори дигар дар хусуси мавҷудияти ин қонун ва риояи ҳатмии он ҳарф занем.
Дар хусуси рафти кори комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд котиби комиссия Гавҳар Умарова маълумот дод. ӯ зикр кард, ки комиссия тибқи нақша фаъолият бурда, иҷрои қонунро назорат мебарад ва дар бартараф намудани камбудиву хатоҳо бо масъулон ва умуман соҳибзабонон кор мебарад. Баҳри  бартараф кардани қонуншиканиҳо ва  амалӣ гаштани қонун 16-уми декабри соли 2013 Қарори раиси шаҳр «Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати нави Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кии борат аз 14 нафар аст, ба тасвиб расид. Тибқи нақша дар ҷаласаҳои комиссия масъалаҳои марбут ба забони давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифагузорӣ ба аъзои комиссия сурат мегирад. Бо вуҷуди фаъолияти пурсамари комиссия дар қаламрави шаҳр номгузории марказҳои савдову шиору овезаҳо боиси нигаронии шаҳрдорон гардидааст. Унвони мағозаҳо аз қабили «Беби -ҷюнер», «Лининг», «Ласити», «Ҷумана», «Популяр», «Глоре» ва даҳҳои дигар бо забонҳои ғайр интихоб ва ба пештоқи мағозаҳо насб шудаанд, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ва меҳмони хориҷиро ба ҳайрат меоварад. Мо, тоҷикон,  забони бойю ғанӣ дорем ва ба ҳар маркази савдо номи зебою алоҳидаи тоҷикӣ гузошта метавонем. Аммо соҳибмулкон шояд саросемавор ном гузошта, ба хатои ҷиддӣ роҳ дода, амали ғайриқонунӣ содир менамоянд. Аз ҳамин сабаб, чанде пеш Прокурори шаҳри Хуҷанд ба номи комиссия Пешниҳод ирсол намуд ва нигаронии хешро дар бобати саҳлангорӣ дар риояи Қонуни забони давлатӣ баён дошт.
Баъдан, муовини Раиси шаҳр Маҳмадӣ Давулатов намояндагони Оҷонсиҳои рекламавӣ-таблиғотиро, ки аз «Товус», «Аргун», «Дунёи нав», пурсон шуд, ки Қарори  Раиси  шаҳр оид ба Агентиҳо дастрас шудааст, аммо онҳо худ фармоишгарро аз ин қарор воқиф намесозанд ва фармоиши соҳибмулки бехабар аз Қонуни забони давлатиро ба иҷро мерасонанд. Сониян,-арз дошт, Маҳмадӣ Давлатов,- мақомоти нозироти андоз иҷозат намедиҳад, ки ҳуҷҷатҳо ва номгузориҳо бо забони ғайр пур карда ё гузошта шаванд. Дар назди ин мақомот ҳатто дарсҳои омӯзиши забони давлатӣ ташкил карда шудаанд, ки мушкили аҳолиро дар ин самт осон мегардонад.
Узви комиссия  номзади илмҳои суханшиносӣ Нуралӣ Нуров дар мавриди амалишавии забони давлатӣ дар қаламрави шаҳр сухан гуфта, изҳор намуд, ки сатҳи забондонӣ аз пештара пеш рафтааст, бигузор корафтодагон ба ҳайати комиссия бе мамониат муроҷиат намоянд ва дар интихоби калима, вожаи марбут ба фаъолият кӯмак парсанд, зеро забони тоҷикӣ аз фарохтарин ва бойтарин забонҳои дунёст. Агар соҳибкорон бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ анҷом доданӣ бошанд, бигузор номи марказҳояшонро худ ба онҳо пешкаш созанд. Масалан, ширкати хориҷии Феникс бо таклифи соҳибмулкон бо унвони Равнақ маводи тиҷоратии хешро ба фурӯш гузоштааст.
Ё ин ки,- тақвият бахшид ин пешниҳодро Раиси бунёди забони тоҷикӣ дар шаҳри Хуҷанд, шоир Неъмати Оташ.- ба яке аз ширкатҳои туркӣ вожаи «Тобон»-ро пешниҳод намудем ва ҳоло туркҳо бо тамғаи «Тобон», ки калимаи бисёр зебои тоҷикист, маводи худро ирсол мекунанд.
Бо муҳокимаи дигар паҳлуҳои риоя ва иҷрои қонун Раиси комиссия Умеда Бурҳоновна ба соҳибмулкон ва тоҷирон таклиф пеш овард, ки муддати даҳ рӯз хатоҳои содиршуда ислоҳ шаванд.
Бо қабули Қарор ва Нақшаи минбаъдаи кори комиссия маҷлиси навбатии аъзои комиссия хотима ёфт.