(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҒАЛАБАИ БУЗУРГИ БАШАРИЯТ

Ҳамшаҳриёни азиз!

Мӯҳтарам фаъолони ақибгоҳи ҷанг ва собиқадорони меҳнат!

Рӯзи 9-уми май дар тақвими башарият ҳамчун рӯзи ғалаба ба фашизми Олмон сабт гардидааст ва аз он рӯзи нишот 76 сол пур шуд. Ин ҷашн барои ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳхоҳу сулҳпарвар, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки пирӯзии адолатро ба ҷаҳолат ва ғалабаи некиро ба бадӣ нишон дод.

Ба ин муносибати фархунда кулли ҳамватанони азиз ва иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнатро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда ва сулҳу суботи комилро орзу менамоям.

Бояд гуфт, ки ҷанги даҳшатноки солҳои 1941-1945 таъсири худро ба ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон гузошт ва оилае нест, ки ягон узви он дар ин ҷанги хонумонсӯз иштирок накарда бошад.

Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷавонмард ба ҷабҳаи набарди хунин бо амри дилу виҷдон пайваст ва дар ин роҳ корнамоиҳои бемисл нишон дод. Шумори зиёди фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҳалок шуданд, ки номи неку корнамоиҳои онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидаанд.

Саҳми халқи тоҷик дар ақибгоҳ хеле назаррас аст, зеро дар солҳои ҷанг бо ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно ва фидокории шабонарӯзии заҳматкашон ғалабаи бузург ба даст оварда шуд.

Мехоҳам хотирнишон созам, ки корномаву диловарии фарзандони баору номуси Ватан ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзаву оянда хоҳад буд, зеро омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.

Беҳтар намудани шароити зисти иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат, хосатан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дорад, зеро шумо, иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандагони анъанаҳои пуршарафи миллат, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавон ҳастед.

Бори дигар, ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва ҳамшаҳриёни азизро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик мегӯям.