(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули навбатии сокинон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар қабули шаҳрвандон, ки имрӯз низ чун анъана аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбарони воҳидҳои сохторӣ масъулини ташкилоту муассисаҳои гуногун иштирок намуданд. Шаҳрвандони синну соли гуногун ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, ҷойгир намудан дар хобгоҳ ва кӯмак барои манзили истиқоматии муваққатӣ, бозбинии музди нафақа, кӯмак барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва ташхис ва ғайра муроҷиат намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода  баробари ҷавобҳои мушаххас додан ба саволҳои сокинон ба роҳбарони воҳидҳои сохтори Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод,ки назоратро бобати сари вақт иҷро намудани дархост ва аризаи муроҷиаткунандагон пурзӯр намоянд. «Ҳама намуди муроҷиати шаҳрвандон дар кадом шакле,ки набошад бояд тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонун сари вакт баррасӣ гардида, тамоми чораҳоро барои қаноатманд гардидани онҳо ва ҳалли мушкилоташон андешидан лозим аст.»-қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.
Теъдоди умумии сокиноне,ки ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд зиёда аз 60 нафарро ташкил дод.