(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар оғози фаъолияти маркази савдои «Ризвон».Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода маркази савдои фурӯши либосҳои мардона «Ризвон» бо тантана ба фаъолият оғоз намуд.
Қаблан бинои мазкур, ки масоҳати 400 метри квадратиро ташкил медиҳад таи 18 соли охир истифода намешуд.
Ҳоло ба дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соҳибкори инфиродӣ Ғолибҷон Исломов маркази савдои замонавиии «Ризвон»-ро бо 10 ҷойи корӣ таъсис дод.
Барои омода ва мутобиқ намудани бинои мазкур ба маркази савдои замонавӣ соҳибкори номбурда зиёда аз 800 ҳазор сомонӣ маблағ сарф намуда, тамоми намуди либосҳои мардона ва кӯдакона барои мизоҷон пешниҳод карда намудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавриди таъсиси коргоҳи дӯзандагии либосҳои мардона дар назди мағоза ба саҳмдорони маркази савдо пешниҳод намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд дар оғози фаъолияти маркази савдои «Ризвон».Роҳбарияти маркази савдо ба Раиси шаҳри Хуҷанд ин пешниҳодро пазируфта, тасмим ширифтанд, ки давоми як соли фаъолият корхонаи муосири дӯзандагии либосҳои мардонаро дар назди маркази савдо таъсис хоханд дод.
Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки дар моҳи шарифи Рамазон барои ҷалби ҳар чӣ бештари харидорон то 20% нархҳо арзон карда шуда, барои дастрасии тамоми қишрҳои иҷтимоии ҷомеъа ба маҳсулоти маркази савдо шароит фароҳам оварда шавад.