(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар Кӯдакистони Президентӣ.Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд муасисаҳои томактабӣ фаъолият менамояд, ки Кӯдакистони Президентӣ яке аз беҳтарин таълимгоҳҳои вилоят маҳсуб меёбад. Соли сипаригашта бо иштироки сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими ба фаъолият оғоз намудани он баргузор гашта буд.
Ҳоло дар ин ҷо 800 нафар кӯдакони аз 2,5 сола то 6 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, тамоми шароитҳои муосир барои онҳо фароҳам оварда шудаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз шароити таълиму тарбия ва фаъолитят ба Кӯдакистони Президентӣ ташриф овард.
Ҳангоми боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз шароити синфхонаҳо толорҳои омӯзиш ва истироҳати тарбиятгирандагон ошно шуда, ба ҳолати кории иншоотхо, воситаҳои техникӣ, усули таълим ва шуғли бошандагони кӯдакистон таваҷӯҳ намуд. Аз 80 нафар мураббӣ ва кормандони ин муассиса 15 нафарашон муаллимони ихтисосӣ буда, ба тарбиятгирандагон машғулиятҳои компютерӣ, мусиқӣ,рақс, расмкашӣ ва ғайраро меомӯзанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз вазъи тамоми толору иншоотҳо, ҳуҷраҳои хобу хӯрокхурӣ, машқгузаронӣ дидан намуда, роҳбарияти кӯдакистонро ба нигоҳ доштани сатҳи баландӣ таълиму тарбия даъват намуд.
«Имрӯз Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шароиту имкониятҳои басо нодирро барои кӯдакон фароҳам овардаанд. Вазифаи ҳар кадоми мо бошад тамоми донишу малакаи худро барои ташаккулёбии онҳо чун фарзандони ватандӯст тарбия намудан, равона сохтан аст. Ба қадри ин ғамхорӣ расида завқи зебоипарастии онҳоро ташаккул диҳем.»- зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми сӯҳбат бо кормандони ин кӯдакистон.
Ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, ки ҳоло корҳои омодагӣ барои зимистонгузаронӣ оғоз ёфта, аз 165 тоннаи нақшавӣ зиёда аз 100 тонна ангишт захира гардида, корҳои санҷишии дегҳои гармидиҳӣ ба анҷом расонда шудаанд.
Дар баробари ин барои бартараф намудани баъзе аз камбудиҳои ҷузъӣ Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулин дастуру супориш дод.