(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар чорабинии шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд.Имрӯз дар Тарабохонаи «Шаҳзод»-и маркази вилоят бахшида ба рузи маюбон, ки ҳамасола санаи 8 июл қайд мегардад, барои 200 нафар дастурхони хайрия ороста шуд. Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуда, аз намоиши маҳсулоти саноатие,ки бо қувваи шахсони имконияташон маҳдуд истеҳсол мешавад, дидан намуд. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд чанд корхонаҳое фаъолият мебаранд, ки асоси кормандонашонро шахсони дорои имконияти маҳдуд ташкил дода, дар ин коргоҳ асбобу воситаҳои рӯзгорро истеҳсол карда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд номаи таваҷҷӯҳро ба самъи ҳозирон расонда, зикр намуд «Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ашхоси ниёзманд, бахусус пиронсолону маъюбон дарди рӯзгорро ҳарчӣ камтар эҳсос кунанд, худро доимо дар паноҳи давлату ҳукумат ва ҷамъият бинанд. Сухани эътимодбахшу рӯҳбаландкунандаи сарвари дақиқназари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Ман намегузорам, ки ягон нафари Шумо хору зор шавед» бо маънои томаш ифодаи мақсаду мароми давлату Ҳукумати мамлакат, сиёсати инсонпарваронаи роҳбари дурандеши кишварамон аст».
Аз номи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Аъзам Ҳотамӣ номаи таваҷҷӯҳро қироъат намуд.
Барои 5 нафар маюбон аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода аробачаи маюбӣ супорида шуд. Ба Раиси шаҳри Хуҷанд иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдусалом Пӯлотов, ки иштирокчии бевоситаи чорабинии номбурда буд, муроҷиат намуда дархости аробачаи маюбӣ намуд. Мувофиқи супориши Раҷаббой Аҳмадзода нимаи дуюми худи ҳамин рӯз ба мавсуф аробачаи маюбӣ дастрас карда шуд.
Ҳамчунин барои иштирокдорону ғолибони озмуни бозии шашка ва шоҳмот, ки байни маюбон баргузор гашта буд, тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Ҳамчунин чунин дастурхони хайрия ва чорабинӣ дар комплекс-кӯдакистон ва мактаби махсус барои кӯдакони кувваи босираашон суст ва нобиноёни шаҳри Хуҷанд, Муассисаи таҳсилоти томактабии № 26 барои кӯдакони иллати шунавоидошта ва Хона-интернат барои пиронсолон ва маюбони маркази вилоят, ороста шуд.