(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд дуюмин маркази савдои фурӯши мебели «Эмбавуд-Тоҷикистон» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Ширкати «Эмбавуд» дар 10 кишвари ҷаҳон марказҳои савдои худро дошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ширкати мазкур намояндагии худро дар бисёр аз кишварҳо аз қабили Ҷумҳурии Туркия, Озарбойҷон, Украина, Гурҷистон ва кишварҳои Қафқоз дошта, зиёда аз 100 намуди мебелро барои харидорон пешкаш менамояд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оғози соли равон Ширкати «Эмбавуд-Тоҷикистон» намояндагии расмии худро дар шаҳри Хуҷанд ба қайди давлатӣ гирифта, барои сокинони маркази вилоят ва харидорони шаҳру ноҳияҳои атрофи он хизмат мерасонад.
Дар баробари оғози фаъолияти ин ширкат, ки асосан фурӯши ҷиҳози хона-мебелро ба роҳ мондааст, 20 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ бо маоши баланд гардиданд.
Роҳбарияти ширкат ният дорад, то интиҳои сол фаъолияти ширкатро дар маркази вилоят боз ҳам васеъ намуда, бо сифати хизматрасонӣ ва маҳсулоти хушсифати худ дар бозори дохилӣ мақоми хосаеро касб намояд. Ҳамчунин зиёд намудани дигар марказҳои савдо, ки дар ниҳоят шабакаҳои маркази савдои ин ширкатро ташкил хоҳанд дод, зиёдшавии миқдори ҷойҳои корӣ пешбинӣ гаштааст.