(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Маркази тиббии оилавии дандонпизишкии “Сифат” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маркази тиббии дандонпизишкии “Сифат” дар ошёнаи якуми бинои навбунёду хуштарҳу замонавии баландошёнаи микроноҳияи 19-уми маҳаллаи “Суғдиён” ҷойгир гардида, ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тоҳирҷон Солиев бо усули муосир бунёд шуда, дорои беҳтарин шароиту имкониятҳои ташхисию табобатӣ мебошад.

Дар Марказ 10 утоқҳои корӣ мавҷуд буда, дар як вақт ба 7 нафар мизоҷон бо усулҳои муосир хизматрасонӣ аз ҷониби 15 нафар дандонпизишкон ва кормандони техникӣ хизматрасонӣ карда мешавад. Табобати дандонҳои бо усули анъанавӣ ва муосир ба роҳ монда шуда, дандонпизишикон дар хориҷи кишвар таҳсилва таҷрибаи кофӣ андўхтаанд. Таҷҳизоту технологияи Марказ аз хориҷи кишвар дастрас гардида, зимни табобат таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, бахсус Аврупо ба кор бурда мешавад. Ҳангоми табобат барои мизоҷон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки дар зудтарин фурсат он бо сатҳи баланди хизматрасонӣ ба анҷом расонида мешавад. Бахусус дар ҳуҷраи кўдакона тамоми шароитҳои табобат ба назар гирифта шуда, барои фароғати чунин қишри мизоҷон имконот фароҳам оварда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми шиносоӣ бо шароити Марказ ба он баҳои баланд дода, ба соҳибкори маҳаллӣ барои дастгирии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат изҳори сипос карда, ба масъулони Маркази тиббии дандонпизишкии "Сифат" дастур дод, ки барои ташкили хизматрасонии босифат ва дастрас ба мардум азм намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд