(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба Раиси шаҳри Хуҷанд зиёда аз 80 нафар муроҷиат намуданд.Бо мақсади ҳалли мушкилоти мардум ва сари вакт огоҳи пайдо намудани масулон ҳар хафта дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.
Имрӯз низ сокинони маркази вилоят бо мақсади ҳалли масалаҳои мухталифи худ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хучанд омада б а Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бевосита муроҷиат намуданд.
Аксарияти бештари муроҷиаткунандагон доири беҳтар намудани шароити манзили зисти худ дархост намуданд. Бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд, мудири шӯъбаи манзил Ғайрат Эшонқулов бобати тартиби кори комиссияи ҷамъиятӣ ва ба навбат гирфтан, тарзи муроҷиат ва меъёрҳои муқаррар намудани шахси ниёзманди беҳтар намудани шароити манзили зист тибқи санадҳои ҳуқуқӣ, маълумот дод. Шаҳрвандон хамчунин барои таъмири манзили зист, кӯмак барои дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ, баҳси манзил, дарёфти кор доимӣ мувофиқи ихтисос, таъмин бо манзили муваққатӣ, мумфарш намудани кӯча, мусоидат барои азнавсозии майдончаи варзишӣ, таъмири боми хонаҳои истиқоматӣ ва ғайраҳо муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд барои сари вақт, мувофиқи қонун баррасӣ ва ҳалли масалаҳои ба миён гузоштаи ҳар кадом аз муроҷиаткунандагон ба роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти  маҳаллӣ супориш дод.
Дар интиҳо Раҷаббой Аҳмадзода барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон ва мусоидати масъулин барои таҳкими робитаи мардум бо масъулини давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтори  мақомати маҳаллиро вазифадор намуд.
Дар маҷмӯъ имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд зиёда аз 80 нафарро бо масалаҳои гуногун қабул намуд.