(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt9 апрел дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бино аз таҳхона ва се ошëна иборат буда, дорои утоқҳои корӣ, хобгоҳ барои 200 нафар, утоқи тиббӣ, толори маҷлис ва китобхона мебошад.

Дар ошëнаи якуми бино, ки асосан қисми навбатдорию утоқҳои корӣ ҷой доранд, шароити мусоиди иҷрои уҳдадорӣ барои роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъба фароҳам оварда шудааст.

Хобгоҳҳо барои ҳайати шахсии шуъба дорои рахтҳои хоб, ҷевон ва дигар ҷиҳози зарурӣ мебошанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар китобхонаи иншоот 4 ҳазор нусха адабиëти илмии соҳавӣ ва бадеӣ мавҷуд аст. Китобхона дорои толори хониш низ ҳаст ва барои кормандон шароити хуби мутолиа фароҳам мебошад.

Маҷлисгоҳ ва синфхонаи таълимии иншоот барои 100 нафар пешбинӣ шуда, дар он лавҳаю овезаҳои дастурамали кормандони сохторҳои қудратӣ, инчунин технологияи ҷадид барои гузаронидани ҷаласаҳои корӣ ва дарс васлу насб карда шудаанд.

Дар таҳхонаи бино толори тамрин ва обу тоби бадан ташкил карда шуда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон доранд бо истифода аз таҷҳизоти замонавии варзишӣ малакаи хешро тақвият бахшанд.

Ҳудуди иншоот бо камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад. Барои таъмини бехатарӣ аз сӯхтор бино бо таҷҳизоти худкори огоҳикунанда ҷиҳозонида шуда, бо ҳамин мақсад дар саҳни ҳавлӣ ҳавзи об бунëд гардидааст.

Ошхона барои 100 нафар дар бинои алоҳида ташкил гардида, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурии хӯрокпазию хизматрасонӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин бино ҳамчунин утоқи алоҳидаи нонпазӣ ва анборхона бо яхдони замонавӣ барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷуд аст.

Дар атрофи бинову иншооти мавҷуда 100 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз шинонида шуда, ҳамчунин барои таъмини фароғати кормандон суҳбаткада ташкил гардидааст.

Иншоот бо фармоиши Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати сохтмони “Исфара” сохта шудааст.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бо сифати баланд бунëд намудани иншоот ба сохтмончиëн баҳои баланд дода, ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳисси масъулият дар иҷрои садоқатмандонаи уҳдадории ҳарбӣ ҳидоят намуданд.