(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд шахсони барҷомондаро аёдат намуд.Мувофиқи дастуру супоришҳои сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи шарифи Рамазон ва Рӯзи маюбон тааваҷҷӯҳ ба шахсони имконияташон маҳдуд бештар мешавад. Бо мақсади иҷроиши ин дастуру супориш Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чанд нафар аз шахсони имконияташон маҳдудро аёдат намуд. Аёдати Раиси шаҳри Хуҷанд аз аҳволи маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм, сокини кӯчаи А. Абдуҳамидов Сайдулло Мақсудов оғоз ёфт. Мавсуф таи чанд соли охир бинобар вазъи бади саломатиаш бистарӣ буда, барои аробачаи маюбӣ ниёз дошт. Раҷаббой Аҳмадзода баробари кӯмак иборат аз маводи ғизо, ба Сайдулло Мақсудов аробачаи маюбӣ тӯхфа намуда, изхор дошт, ки эътибораи хосаи Ҷаноби Олӣ мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти маҳаллиро вазифадор менамоянд, ки аз аҳволи чунин шахсон ҳамеша бохабар бошанд. Навраси маюб Абдураҳим Каримов бошад, ба бемории фалаҷи майна гирифтар аст.
Дар ҳама санаҳои хотирмон мутасаддиёни Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҳоли ин кӯдаки маъсум бохабар шуда меистанд. Ин навбат ташрифи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили онҳо аҳли пайвандони навраси маюбро шод гардонид. Раиси шаҳри Хуҷанд баъди шиносоӣ бо шароити зиндагии оилаи Абдураҳим Каримов ваъда дод,ки барои шиферпӯш намудани боми манзили зист, ва таъмири он кӯмаки амалӣ хоҳад расонд.
Ҳамчунин ба масъулини шуъбаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои сари вақт таъмин ва дастрас намудани дорувории ройгон супориш дода шуд.
Сокини маҳаллаи ба номи Қорираҳмат Қурбонов, кӯчаи Пахтакор хонаи 1 ҳуҷраи 39, Абдулло Тошматови 74 сола бемори бистарӣ буда, барои нигохубини хоса ниёз дорад. Ҳангоми аёдат мавсуф аз Раиси шаҳри Хуҷанд дархост намуд, ки барои муолиҷаи махсус дар бемористон эҳтиёҷ дорад. Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, то дар фурсати қӯтоҳтарин Абдулло Тошматов бо ҳамсараш дар бемористони шаҳри Хуҷанд ҷой карда шуда, таҳти нигоҳубини хоса қарор дода шаванд.
Бо назардошти шароити маҳдуди зисти оилаи Абдуллоевҳо ба онҳо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гашта буд. Эргаш Абдуллоев дар баробари бемории худ ба набераҳои аз волилдайн маҳрумгашттааш парасторӣ менамояд. Ҳоло бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд марҳилаи авали корҳои сохтмонӣ дар манзили нави оилаи мазкур оғоз ёфтааст. Раиси шаҳри Хуҷанд қайд намуд, ки то интиҳои охири соли оянда бо мусоидати мақомоти маҳаллӣ ва саховатмандон манзили истиқомати оилаи мазкур бунёд хоҳад ёфт.
Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷандбахшида ба Рӯзи маюбон ба 20 нафар шахсони имконияташон маҳдуд кӯмаки молӣ расонда шуда, то санаи Рӯзи маюбон - 8 июл ва давоми моҳи Рамазон қумаку дастгирӣ ба чунин шахсон идома дода мешавад.
Ҳамчунин танҳо давоми нимсолаи авали соли равон ба 21 нафар шахсон аробачаи маюбӣ тақдим карда шуд.
Аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ва саховатмандони шаҳри Хуҷанд корҳои хайру эҳсон барои ниёзмандон давом дорад.