(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани вазъи беҳдоштӣ дар қаламрави шаҳри Хуҷанд вобаста ба бемории сироятии нави короновирус, дар асоси супориши сардори Ситоди вилоятӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави короновирус, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳр дар як қатор муассисаҳои тиббӣ ва маҳаллаҳои соҳили рости шаҳри Хуҷанд тадбирҳои безараргардонӣ амалӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки новобаста ба қайд гирифта нашудани бемории короновирус аз оғози соли равон, бо назардошти хуруҷи дуюми он дар кишварҳои минтақа бо мақсади пешгирӣ ин гуна тадбирҳо дар оянда мунтазама амалӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин дар ҷараёни безараргардонӣ доир ба роҳҳои пешгирии беморӣ, рияои қоидаҳои беҳдоштӣ бо шаҳрвандон суҳбатҳо анҷом дода шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд