(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз субҳи содиқ гуруҳе аз соҳибкорон, варзишгарон, вакилони шаҳрӣ, фаъолони бахшҳои гуногунии хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода вориди макони биҳиштосои Ворухзамин гардида, дар канори ҳамватанони хеш шуданд.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода меҳмононро пазируфта, ба ин мулки номдорон хайрамақдам гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Хукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳми соҳибкорону саховатмандон то имрӯз зиёда аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷамоатҳои баландкӯҳу дурдасттарини вилояти Суғд, ки дар он беш аз 33 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд.

Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин ҷамоат корҳои азими бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни мулоқот бо фаъолони ҷамоати Ворух изҳор дошт, ки Истиқлолият бузургтарин неъмат барои ҳар миллат буда, омили озодӣ, хушбахтӣ ва саодати миллат ба ҳисоб меравад. Ин неъмати гаронарзиш ба ивази бо заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва вазифаи ҳар якеи мо ҳимоя аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ буда, он қарзи имониву виҷдониамон мебошад. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик бузургтарин мактаби худшиносӣ барои сокинони мамлакат, ба вижа наврасону ҷавонони он мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд