(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи фаврии Раиси шаҳри Хуҷанд.Мувофиқи дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввала, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаврии кормандони масъули дастгоҳи раиси шаҳрро доир намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба муовини Раиси шаҳр Маҳмадӣ Давлатов супориш дод, то вазъи нархи маҳсулоти хӯрока аз қабили гӯшт, орд, биринҷ, равған ва ғайраро дар тамоми бозорҳо ва мағозаҳои марказии шаҳр зери назорати қатъӣ гирифта шавад. Супориш дода шуд, ки бо мақсади поён бурдани нархи маҳсулот дар моҳи рамазон ҳар ҳафта, ташкил намудани ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввала, мусоидат барои воридоти онҳо ба бозорҳо ва фурӯши тамоми маҳсулоти ниёзи аввала бо тахфифи то 15% нисбат ба нархҳои ҳамарӯза ба роҳ монда шавад. Доири тахфиф бошад роҳбарияти бозорҳо вазифадор карда мешаванд, ки сари вақт тавассути баландгӯякҳо харидоронро огоҳ намоянд. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки бахусус корҳои фаҳмондадиҳиро бо фурӯшандагони дӯконҳои гӯштфурӯшӣ тақвият дода, нархи гӯшт дар тамоми бозорҳо ва мағозаҳои марказӣ набояд аз 32 сомонӣ боло равад.
Ҳамчунин вобаста ба гармшавии ҳарорати ҳаво доири назорати ҳолати санитарии бозорҳо, сифати маҳсулоти хӯрока ва хизматрасонии фурӯшандагон эътибори ҷиддӣ додан ба сифати маҳсулоти хӯрока ба масъулин дастур дода шуд.
Барои таъмини назорати доимӣ гурӯҳи кори махсус таъсис дода шуда, асоси фаъолияти онро танзими нархи бозор ва ташкили ярмаркаи маҳсулоти хӯрока ташкил хоҳад дод.
Гурӯҳи кории мазкур ҳамрӯза аз иҷроиши супоришҳо дар бозорҳои маркази вилоят ва мағозаҳои марказӣ боздид намуда, барои дастрасии ҳамаи табақаҳои иҷтимоии мардум ба маҳсулоти хӯрока чораҳои фаврӣ ва амалӣ хоҳанд андешид.