(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки кадбонуҳо аз 16 маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонувон, занони соҳибзавқ, ҳунарманди моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ завқи дастархонороӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ сурат гирифт.

Аъзоёни ҳакамон ба ҳунари волои кадбонуи босалиқа баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки баргузор намудани чунин озмунҳо хеле муҳим аст, то ки ҷавонону наврасони мо аз ҳунармандони беҳтарин нозукиҳои ин ҳунарро омӯзанд ва ба пухтупаз муҳаббат пайдо кунанд. Моро зарур аст, ки ин ҳунарро, ки аз гузаштагони хеш ба мерос гирифтаем, ба насли нав омӯзем, то онҳо ба умқи фаромӯшӣ нараванд. Баргузор намудани чунин озмунҳо барои эҳё ва рушди ҳунарҳои қадимаи тоҷикон мусоидат менамояд.

Дар натиҷа ғолибони озмуни муайян карда шуда, ҷойи аввалро кадбону аз маҳаллаи «Тути калон» Шаҳноза Зокирова, ҷойи дуюмро кадбону аз маҳаллаи «Сари баландӣ» Муборак Эргашова ва ҷойи сеюмро кадбону аз маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» Бароат Ӯрунова соҳиб гардида, ғолибон бо Диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва иштирокчиёни озмун бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд