(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамдиёрони азиз!

Падару модарон ва ҷавонони иззатманд!

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Аксари ҷавонони баору номус ва шуҷоатманди шаҳри Хуҷанд анъанаҳои неки падару бобоёни худро сарбаландона идома дода, бо амри дилу виҷдон ва бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ омада, омодагии хешро барои хизмат дар сафи Артиши милли изҳор намуда истодаанд.

Онҳо бо хубӣ дарк кардаанд, ки хизмат ба Ватан қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванд ва муҳофизати марзу буми мамлакат вазифаи муқаддаси ҳар як фарди соҳибфазлу соҳибирода аст. Зеро артиш мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва обутоби ҷисмонӣ буда, касе ин мактабро гузарад, дар назди ҳеҷ мушкиле тан нахоҳад дод, бо азму иродаи қави монеъаҳоро пушти сар хоҳад кард.

Падарони азиз!

Аксари мову шумо ҳамсол ҳастем, мо медонем, ки ҳар яки Шумо ҳангоми ҷавонӣ ба сафи артиш рафта, дар ҷумҳурии гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ сарбаландона хизмат кардаед. Ба мо насиб будааст, ки бо амри Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯрави дар хоки Ҷумҳурии Афғонистон хизмат кунем ва аз байни обу оташу хун гузашта бо сари баланд ба Ватан баргардем ва дар ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳм гузорем.

Имрӯз ҳар яки мо бояд ифтихор кунем, ки фарзандони мо минбаъд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат хоҳанд кард, бинобар ин, дар ниҳоди онҳо эҳсоси ватанпарварию ватандӯстӣ, худогоҳию худшиносии миллиро бояд парвариш диҳем ва барои сари вақт ба хизмат ҳозир шудани онҳо мусоидат намоем.

Ҷавонони азиз!

Дӯст доштани ватан, дӯст доштани модар аст. Меҳре, ки ба модари худ дорем, бояд ба Ватани худ низ дошта бошем. Мо ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамомияти арзиву якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Мо боварӣ дорем, ки ҳар яки Шумо баробари гирифтани даъватномаҳо бо хоҳиши худ ба хизмат рафта, садоқатии фарзани худро дар назди Ватан ва халқи шарафманди худ нишон медиҳед.

Муроҷиатнома дар маҷлиси Шурои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист санаи 26 марти соли 2021 қабул карда шуд.