(2 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд омодагии марказхои тестиро аз санҷиш гузаронд.Пагоҳ дар тамоми марказҳои тести Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули санҷишҳои дохилшавӣ оғоз меёбанд. Дар шаҳри Хуҷанд дар мактабҳои № 4,№5, № 19 ва № 24 мувофиқи қарори Маркази миллии тестӣ  барои супоридани санчишҳои тестии довталабон омода карда шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз сатҳи омодагӣ ба муассисаҳои таълимии номбурда ташриф овард.
Дар мактабҳои мазкур 30-32 синфхонаҳо барои довталабон бо 15 ҷой дар ҳар кадом аз синфхонаҳо имконият фароҳам оварда шудаанд. Дар ҳар кадом аз марказҳо бошад наздики дар синфхонаю долон 40 камераи мушоҳидавӣ ва барои назорати хоҳишмандону волидайн ва таъмини шаффофияти рафти санҷиш, мониторхои махсус насб карда шудаанд. Барои гузаронидани санҷиш бошад 172 нафар омӯзгорон вазифадор карда шудаанд.
Намояндагони марказҳои миллии тести кишвар дар мактабҳои номбурда барои кӯмаки амалӣ дар омода намудани марказҳои  тестии маркази вилоят ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки имрӯз ҳамаи марказҳои тести шаҳри Хуҷанд барои қабули санҷиш пурра омода ҳастанд.
Ҳамчунин ба масъулон  Раиси шаҳри Хуҷанд бобати таъмини бунгоҳи сайёри наклиётии тиббӣ, оби нӯшокӣ ва фароҳам овардани дигар шароитҳои зарурӣ дар марказҳо супориш дод.
Лозим ба ёдоварист, ки исол аз шаҳри Хуҷанд 1685 нафар довталаб барои дохил шудан ба таълимгоҳҳои олии кишвар ҳуҷҷат супоридаанд.