(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ипподроми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ҳудуди 20 ҳазор тамошобин ва ҳудуди 500 асп мусобиқаи Бузкашию пойгаи наврӯзӣ баргузор гардида, Некрӯз Мирзоиброҳимов, сокини шаҳри Хуҷанд, дар мусобиқаи асптозӣ ки масофаи 2200 метрро ҳамроҳ бо аспаш дар 2,23 дақиқа аввалин шуда тай намуд, мақоми авалро ба даст овард.

Мусобиқаи пойга ва бузкашӣ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардида, он бо ҳузури Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.

Мусобиқаи асптозӣ аз рӯи ҳафт давр байни аспҳои зоташон тоҷикӣ ва англисию ахелтекӣ дар масофаи 1500 то 2200 метр доир карда шуд. Дар ин навъи сабқат барандаи шоҳҷоиза Некрӯз Мирзоиброҳимов, сокини шаҳри Хуҷанд гардид, ки масофаи 2200 метрро ҳамроҳ бо аспаш дар 2,23 дақиқа аввалин шуда тай намуд. Барои ғолиб Ҷом бо рамзи “Наврӯз -2021”, мошини Ваз-2107, 3 ҳазор сомонӣ, як телевизор ва як қолин тақдим карда шуд.

Шоҳҷоизаи даври бузкашӣ насиби Фурқат Икромов сокини шаҳри Исфара гардидааст. Ба ғолиби ин давр Ҷом бо рамзи “Наврӯз -2021”, мошини Ваз-2107, 8,5 ҳазор сомонӣ, як телевизор ва як қолин супорида шудааст. Дар мусобиқаи бузкашӣ ҷоиза барои расонидани буз ба майдони поён ва боло аз 150 то 250 сомонӣ ва асбобҳои рӯзгор аз қабили телевизор, тафдон ва қолин муқаррар шуда буданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд