(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади эҳё,тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ, рӯзгордории халқи тоҷик, рушди соҳаи саноати сабук, тарғиби сарулибос аз матои табиӣ аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ, ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ, меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи сеюми моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд баргузории Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд - 2021» ба нақша гирифта шудааст.

Озмун аз руйи 4 бахш: Беҳтарин либоси кўдакона; Беҳтарин либоси расмӣ; Беҳтарин либоси идона; Беҳтарин либоси арўсию домодӣ сурат мегирад.

Барои дӯхтани либос иштирокчиён бояд аз матоъҳои атласу адраси миллии истеҳсоли ватанӣ, бо обу ранги тобишаш гуногун, маводҳои ёрирасон истифода намоянд, ки ғайримуқаррарӣ ва нотакрории онро намоиш дода тавонад. Истифодаи ашёи ороишӣ, аз қабили марҷон, дастпона, сарпӯш, гӯшвор, сарсӯзан ва ғайра иҷозат дода мешавад.

Дар Фестивал метавонанд ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи шаҳр иштирок намоянд.

Беҳтарин либосҳои миллии қадима, кӯдакона, расмӣ, идона, миллии арӯсию домодӣ бо назардошти зебоӣ, дизайни либос, нотакрорӣ, ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш, обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ, қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ, пардоз ва ғайра аз ҷониби шаҳрдорӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон дар доираи баргузор намудани Фестивали шаҳрии «Атласу адраси Хуҷанд - 2021» барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои фарҳанги либоси миллӣ, истеҳсоли матоъҳои атласу адрас ташкил ва ба намоиш гузоштани беҳтарин либосҳои миллӣ низ роҳандозӣ карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонанд дар озмун ширкат варзида, ҳунару маҳорати хешро санҷанд ва худро муаррифӣ намоянд. Барои худро номнавис кардан ва гирифтани маълумоти пурра ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд. Ё таввасути телефонҳои 4-67-25, 92 979-71-26, 92 744-28-82, 92 988-05-70 дар тамос бошанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд