(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар маҳаллаи Сари баландии шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идонаи Наврўзи байналмилал бо иҷрои расму оинҳои миллӣ ва фазилатҳои накуи истиқболгирӣ баргузор гардид.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро ба самъи аҳли маҳалла расонида, аз ҷумла афзуданд, ки тамаддуни халқи мо бо Наврўз оғоз мегардад, яъне Наврўз дар саргаҳи фарҳанги миллии мо қарор дошта, то имрўз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебахшад. Боиси хушнудист, ки ин ҷашни бузургро имрўз дар аксар кишварҳои дунё бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Зеро бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврўз ҷаҳонӣ гардид, ки боиси ифтихор ва сарбаландии миллати мо дар арсаи олам мебошад.

Тавре Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Наврўз намунаи барҷастаи ҷашнҳои миллии мо аст, ки аз замони зуҳури хеш то имрўз ба ҳамгиройӣ ва пойдории равобити миллату қавмҳо мусоидат кардаасту мекунад».

Ҷомеаи мутамаддини муосир беш аз ҳар вақти дигар ба ойинҳои инсондўстона ва хиради созанда ниёз дорад. Наврўзи ҷаҳонӣ имрўз низ метавонад дар ҳамгиройиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дўстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугўи тамаддунҳо хизмат намояд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки баҳри бошукуҳ ва хотирмон баргузор гадидани Наврўзи маҳаллаи Сари баландӣ соҳибкорони маҳаллӣ Азимҷон Юлдошев ва Иброҳимҷон Пўлотов ҳисса арзанда гузоштанд.

Аҳли маҳаллаи Сарибаландии шаҳри Хуҷанд бо шукргузори аз амну осоиштагӣ ва фаровонии дастархон дар оғози сол нави миллӣ дуои нек намуданд. Бо ифтихору сарфарозӣ ин иди миллиро таҷлил намуда, таъкид доштанд, ки дар даврони навини соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон мо ба шарофати сиёсати миллатдӯстонаву ватанпарастона ва аслан башардӯстонаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди эҳёи воқеии маросими наҷотбахши халқи ҳунарманду хирадпешаи худ, шоҳиди эҳёи дигарбораи миллати бузургу беназирамон гаштаем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд