(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲар рўзатон Наврўз бод!

Ҳамшаҳриёни азиз!

Имрўз дар саросари кишвари хуршедии мо бо фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёди тоҷик – Наврўзи Аҷам таҷлил мегардад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш тамоми мардуми сарбаланди кишварамон, аз ҷумла, шумо, ҳамшаҳриёни гиромиро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврўз, ки воқеан соли нави мардуми мо мебошад, самимона табрик гуфта, бароятон хуррамиву сарсабзии наврўзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рўзгор ва муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям.

Тамаддуни халқи мо бо Наврўз оғоз мегардад, яъне Наврўз дар саргаҳи фарҳанги миллии мо қарор дошта, то имрўз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебахшад.

Боиси хушнудист, ки ин ҷашни бузургро имрўз дар аксар кишварҳои дунё бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Зеро бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврўз ҷаҳонӣ гардид, ки боиси ифтихор ва сарбаландии миллати мо дар арсаи олам мебошад.

Тавре Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Наврўз намунаи барҷастаи ҷашнҳои миллии мо аст, ки аз замони зуҳури хеш то имрўз ба ҳамгиройӣ ва пойдории равобити миллату қавмҳо мусоидат кардаасту мекунад».

Ҷомеаи мутамаддини муосир беш аз ҳар вақти дигар ба ойинҳои инсондўстона ва хиради созанда ниёз дорад. Наврўзи ҷаҳонӣ имрўз низ метавонад дар ҳамгиройиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дўстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугўи тамаддунҳо хизмат намояд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷашни Наврўз ба ҳама арзишу мўҳтавояш эҳё гардид ва миллати моро ба ҳифзи симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, пойдории рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ, орзуву омоли наҷиби созандагӣ ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ раҳнамо гашт. Яъне, Наврўз дар роҳи тайкардаи худ аз саҳнаҳои пурҳангомаи таърих гузашта, имрўз то асри ташаккулёбии илму техника ва мўъҷизаҳои кайҳонии замони мо расидааст.

Имрўз маҳз ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо кўшишҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мардуми шарифу шарафманди мо корҳои ободониву созандагиро идома дода, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳанд варзид.

Бори дигар сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳри бостониро бо қадами мубораки Наврўзи Аҷам сидқан шодбош гуфта, бахту саодати рўзафзун, иқболи баланду толеи нек ва тани сиҳату рўзгори осуда орзу менамоям.

Наврўзатон фархундаву муборак бод!