(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд духтарони қолинбоф зиёд мешаванд.Баҳри амалӣ гаштани барномаи давлатии эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд чораҳои судманд андешида мешавад. Бо ибтикори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳоло дар маркази вилоят чанд марказҳои таълимии ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода ба яке аз чунин марказҳои таълимию истеҳсолӣ, ки дар колеҷи касбию ҳунарии № 56 ташкил шудааст, ташриф овард.
Холо дар яке аз синфхонаҳои наву барҳавои ин таълимгоҳ 14 нафар духтарони маҳаллӣ бо қумаки 6 нафар устодони худ, касби қолинбофиро меомӯзанд. Таълимгирандагон давоми се моҳ дар дастгоҳҳои махсуси омӯзиши нозукиҳои касби қолинбофиро аз худ намуда, баъдан имкон дорад фаъолияти худро дар дастгоҳҳои касбии ин марказ идома диҳанд.
Онҳо баъди се мохи омӯзиш соҳиби Шаҳодатнома мешаванд. Бо мақсади таълиму фаъолияти самараноки таълим Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 4 дастгоҳи қолинбофӣ ва 10 дастгоҳи омузишии ин касбро харидорӣ намуда ба ин таълимгох додааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳангоми боздид, ба роҳбарияти омӯзишгоҳ дастур дод, ки миқдори дастгоҳхои қолинбофиро зиёд намуда, нисбати пардохти саривақтии маоши мураббиён таваҷҷӯҳ намоянд.
Омӯзишгоҳ тасмим дорад, мувофиқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд дастгоҳи адрасбофиро низ насб намуда, омӯзиши ин намуди хунарӣ мардумиро низ ба роҳ монад.