(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, Абдуҳалим Ғаффоров, Машраб Файзуллозода ва Гулбаҳор Назирӣ бо иштироки роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, раиси ҲХДТ дар вилоят Зуфар Исмоилзода ва фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати вохўрӣ бо интихобкунандагон ҷараён дорад. Дар мулоқотҳо бо намояндагони касбу кори гуногун роҷеъ ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватани азизамон, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маълумоти мукаммал манзур гардида истодааст. Чорабинии имрўза низ дар идомаи он мулоқотҳо мебошад.

Сипас, Маҳмадалӣ Ватанзода, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони мардумӣ Абдуҳалим Ғаффоров, Машраб Файзуллозода ва Гулбаҳор Назирӣ баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз 14,6 миллиард сомонии соли 2014 то 23,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфт. Соли 2020 ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 50 фоиз баробар гардид. Бо вуҷуди ин, масъалаҳои гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ, аз ҷумла низоми хариди электронии давлатӣ то ҳанӯз ҳал нагардидаанд ва мо дар ин самт аз талаботи замона қафо монда истодаем. Қобили зикр аст, ки дороиҳои низоми бонкӣ аз 311 миллион сомонии соли 2000–ум ба беш аз 26 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шуданд. Дар соли сипаришуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019–ум 4,6 фоиз зиёд мебошад.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ҳоло бахши хусусӣ бомаром инкишоф ёфта, имрӯз саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад. Ҳоло барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии кишвар 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 40 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.Танҳо дар соли 2020–ум 29 созишномаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, бунёди иншооти соҳаи маориф, рушди деҳот, сохтмону барқарорсозии роҳҳо ва иншооти энергетикӣ равона гардидааст. Аз соли 2013 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ 17 созишнома оид ба сармоягузории мустақим ба имзо расонида шудааст, ки дар доираи онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 миллиард сомонӣ бунёд гардида, беш аз ҳафт ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.

Вобаста расидан ба истиқлолияти энегетикӣ иттилоъ дода шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст. Дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд. Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад, ки бо мақсади дар ояндаи наздик таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, бо нерӯи барқ пурра қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ва иқтисоди миллӣ бунёду таҷдиди як силсила иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳимро вусъат бахшад. Ҳоло ба маблағи умумии 11,3 миллиард сомонӣ корҳо оид ба таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва дар доираи лоиҳаи «КАСА – 1000» сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 – киловолта ва зеристгоҳҳо идома дошта, бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардидааст. Соли ҷорӣ нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид гардида, ба истифода супорида мешавад, ки бо иқтидори 270 мегаватт, яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд фаъолият хоҳад кард. Инчунин, соли ҷорӣ сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» то зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда», ки имконияти содироти барқро зиёд менамояд ва корҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд.

Сипас дар ҷараёни мулоқот сарвари МТМУ №25-и шаҳри Хуҷанд Зайниддин Зунунхоҷаев, донишҷўйи ДДҲБСТ Рустам Ҷалолзода ва дигарон баромад намуда, суолу дархостҳои хешро ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд