(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶомеаи имрӯзаи пуртазод талаб менамояд, ки сатҳи дониши наврасону ҷавонони мо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бошад. Табиист, ки ҷавонону наврасон бидуни аз худ намудани донишҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ наметавонанд муҳаррики ташаккулу рушди босуръати кишвари худ дар тамаддуни индустриалӣ бошанд.

Таърихи кишварҳои пешрафтаи олам собит месозад, ки густариш, сатҳ ва ё зинаҳои камолоти ҷомеаи инсонӣ, рушди устувори ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии он вобаста ба болоравии сатҳи фарҳангӣ ва тамаддуни индустриалӣ суръат мегирад.

Дар ин раванд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир менамоянд, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати омӯзиши он талоши бештар намоянд.

Дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба рушди фанҳои дақиқ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Яке аз тадбирҳои муҳим дар ин самт ташкили дарсҳои кушод аз фанҳои дақиқ мебошад.

Дар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дарси кушоди намунавии шаҳрӣ аз фанни математика бо роҳбарии омўзгори ҷавон Гулрухсор Ёқубова бо хонандагони синфи 6 "Б" дар мавзуи "Қисми ададҳои гуногуналомат ва ададҳои манфӣ" гузаронида шуд.

Таъкид гардид, ки математика аз чор амали арифметикӣ иборат мебошад: 1-ум ҷамъ, 2-юм тарҳ, 3-юм зарб ва чорум тақсим мебошад. Аз рўи ҳосили зарби маълум ва яке аз зарбшавандаҳои маълум ёфтани зарбшавандаи номаълумро амали тақсим меноманд. Агар яке аз тақсимшавада ё тақсимкунанда адади манфӣ бошад ҳосили тақсим низ манфӣ мешавад. Агар ду адади манфиро тақсим намоем ҳосили тақсим мусбат мешавад.

Дарс бо усули муосири интерактивӣ ва бо аспобу лавозимоти муосири таълимӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Дар дарси кушод маъмурияти муасссиса, намояндаи шуъбаи маориф ва омўзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, онро таҳлил намуда, ба сифати баргузории он баҳои баланд доданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд