(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар «Майдони ситора»-ҳои шаҳри Хуҷанд бо иқдоми шаҳрдорӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Иди Наврўзи байналмилал «Боғшаҳри наврўзӣ» бунёд мешавад ва алҳол дар ин макон охирон корҳои ороишӣ ба анҷом расида истодааст.

Тавре, ки масъулин иброз доштанд, муаллифи ороиш Ғуломҷон Қосимов ва Ғафур Дадобоев буда, дар ҳудуди «Боғшаҳри наврўзӣ» аз тарафи кормандони Сарраёсати ободонии шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврўзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврўз ташкил ва гузошта мешавад.

«Боғшаҳри наврўзӣ» аз 4 дарвоза ва деворҳои рамзии иҳотавӣ иборат мебошад. Дар меҳвари майдон дарахти рамзии зардолу бо андозаи 15 метр, ду адад рамзҳои арчамонанди наврўзии 11 метрӣ низ насб карда мешаванд.

Ҳамчунин ду адад рамзи дуюми наврўзӣ, ки намуди доирашакл доранд, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз — 2021” бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст, гузошта мешаванд.

Гузашта аз ин дар канори «Боғшаҳри наврўзӣ» хаймаҳои наврўзӣ низ ташкил карда мешаванд, ки дар он асосан тўҳфаҳои наврўзӣ ба фурўш гузошта мешаванд.

Ин мавзеъ бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд дар рўзҳои тантанаҳои идонаи Наврўзи байналмилал ташкил гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад. Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фалсафаи Наврӯз ба сифати ҷашни моҳиятан оммавию мардумӣ дар баробарӣ миёни одамон зоҳир мегардад. Яъне Наврӯзро хурду бузург озодона ҷашн мегиранд ва баробар хурсандӣ мекунанд.

Наврӯзи имсола барои мо ҷашни таърихӣ мебошад. Зеро ҳамагон ҷашни бузурги умумиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол хоҳем гирифт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд