(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили иди Ваҳдат бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.

Дар радифи чорабиниҳои зиёд ва пуршукӯҳ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ субҳи имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳ» - и шаҳри Хуҷанд чорбинии идона баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуда, тамоми иштирокдорони ҷашн ва сокинони маркази вилоятро бо ин санаи таърихӣ табрик намуд. Зимни баромади хеш Раҷҷабой Аҳмадзода қайд намуд, ки бо сатҳи баланд ва пуршукӯҳ баргузор намудани ин рӯз шаҳодат аз он медиҳад, ки халқу миллати тоҷик ҳамеша ба арзишҳои ин дастоварди миллат бо эҳтирому таваҷҷӯҳи хоса арҷ мегузорад. Ҳамзамон барои тарбияи насли наврас ва ояндаи кишвар, баҳри пос доштану таҳкими он амалҳои шоистаю фидокоронаро ба анҷом мерасонад. Раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷон Раҳматзод изҳор дошт, ки ваҳдату ягонагӣ арзиши азалии қавму миллати ориённажоди мо буд.
Зеро гузаштагону ниёгони мо ҳамеша тараннуми тавҳиду осоиштагӣ менамуданд.
Баъдан дар назди ҳозирон ҳунармандони санъат Ҳасан Камол, Сироҷиддин Худоймерганов, Муҳсинҷон Ахмедов, Ихтиёр Мақсудӣ ва дигарон бо барномаи ҷадиди консертӣ баромад намуданд.