(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз бо мақсади кабудизоркунии муҳити шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Мақомоти иҷроиияи ҳокимияти давлатии шаҳр иқдоми “Дарахти ман” баргузор гардида, дар ду минтақаи шаҳр: канори даромади кўпрўкҳои хиёбони Исмоили Сомонӣ ва кўчаи Гагарин беш аз 300 ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд.

Тавре, ки масъулини чорабинӣ иброз доштанд, иқдоми мазкурро сафорати Британияи кабир дастгирии молӣ намудаааст. Чунин иқдомҳои сабзкорӣ таҳти шиори “Дарахти ман” дар тамоми гўшаву канори кишвар амалӣ шуда истодааст. Ин имкон медиҳад, ки муҳити зист боз хам тозаву беғубор ва барои саломатии шаҳрвандон ҳавои тозаро таъмин созанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд