(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаву сохторҳои шаҳр ва масъулини дахлдор рӯзи қабули шаҳрвандонро баргузор намуданд, ки дар ин рӯз 36 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун ба шаҳрдор муроҷиат намуданд.

Шаҳрвандон вобаста ба масоили кӯмаки муолиҷавӣ, сохтмон, баҳси замин, ободии маҳал, таъмин бо ҷойи кор, таъмири боми хона ва ғайраҳоро муроҷиат намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар миёни муроҷиатҳо шаҳрвандоне низ буданд, ки баҳри ободии маҳал ва шаҳр ҳиссагузорӣ намуданиянд. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба шуъбаву идораҳои марбута дастур дод, ки чунин иқдомотро саривақт дастгирӣ ва барои пеш бурдани он мусоидати фаъол намоянд.

Бояд қайд намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе рӯзҳои қабул аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд