(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд собикадорони меҳнатро аёдат намуд.Бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Раиси шаҳри Хуҷанд барои аёдати шаш нафар аз сокинони маркази вилоят ба манзили собиқадорон, ниёзмандон ва шахсони имконияташон маҳдуд рафт. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамаи онҳоро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фарорасии рӯзи ягонагию ваҳдат самимона табрик намуда ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи идона иборат аз маводи озуқа дастрас  намуд. Аз ҷумлаи аёдатшудагон - собиқадорони меҳнат Ҳайдар Набиев ва Гулҷахон  Сулаймонова,ки  чандинсолаи корӣ дар сохторҳои давлатӣ ва ҳукумат доранд,барои таваҷҷӯҳи сарвари давлат ва мақомоти маҳаллӣ сипосгузор шуданд.
Ҳангоми аёдати сокини кӯчаи Ленин хонаи 207 ҳуҷраи 6 Абдулатиф Содиқов, ки таи чанд сол боз бемори бистарист, Раҷаббой Аҳмадзода ба мудири бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шарифҷон Аҳмедов супориш дод, ки то интиҳои моҳи равон мавсуфро бо аробачаи маюбӣ таъмин намояд. Лозим ба ёдоварист,ки бахшида бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташаббуси Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дастгирӣ ёфта аз ҷониби корхонаю муасиссаҳо, ширкатҳои хусусӣ ва саховатмандон наздики ҳазор нафар шахсони камбизоат яккаву танҳо ва бепарастор кӯмаки яквақтаина иборат аз маводи озуқа дастрас гардид.