(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар асоси Қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор рӯзноманигорони бознишастаи шаҳр аёдат карда шуда, ба эшон номаи табрикотии шаҳрдорӣ ба муносибати иди касбӣ расонида шуд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зимни мулоқоти самимӣ бо рӯзноманигорони собиқадори соҳибмактаб: Муҳаммадзокир Қодиров, Саиднабӣ Наҷимӣ, Мирзоҷон Мирзораҳматов, Муҳаррам Юсуфова, Зебиҷон Абдуллоева ва дигарон номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик расонда, таъкид доштанд, ки хидмату корнамоиҳо ва садоқати аҳли қалам ҳамешагӣ дар зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои насли нави рӯзноманигорӣ мояи ифтихор ва пайравист.

Зикр гардид, ки васоити ахбори омма ҷузъи асосии маънавият маҳсуб гардида, нақши он чун воситаи асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа баҳри ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона муосидат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои ростин додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад. Дар ин радиф рӯзноманигорону кормандони соҳаи матбуоти тоҷик ҷиҳати баёни афкори умум, тарбияи маънавии инсонҳо, тарғибу ташвиқи ғояҳои давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона саҳми арзишманди хешро гузошта истодаанд. Имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо рӯзномаю маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, радиою телевизионҳо фазои итилоотиро пур намуда истодаанд. Аҳли эҷод бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии мамлакатро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам медиҳад, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бузург мегузорад ва бо истифода аз нерӯи сухан мардумро ба созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд.

Аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, ба роҳбарияти олии мамлакат, вилоят ва шаҳр миннатдории хешро баён доштанд. Таъкид доштанд, ки тамоми таҷриба ва донишҳои омӯхтаи хешро дар оянда низ баҳри ободӣ ва шукуфоии сарзамини аҷдодии хеш сарф хоҳанд намуд.

Аввалин сармуҳаррири Идораи телевизион ва радиои вилоят Муҳаммадзокир Қодиров, ки собиқаи беш аз 50 солаи фаъолияти рўзноманигорӣ дорад ва Зебиҷон Абдуллоева, ки беш аз 40 сол сардабири рўзномаи “Нури маърифат”-ро бар дўш дошт ва дигарон омодагии комили хешро барои тарбияи минбаъдаи рўзноманигорони ҷавон ва раҳнамоии онҳо изҳор дошта, баҳри амну осоиштагии мамлакат дуои нек намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд