(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБаъди пахши навори муносибати дағалонаи ронандаи хатсайри №100 дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки боиси нигаронии мардум гардид, аз ҷониби прокуратураи шаҳри Хуҷанд ва мақомоти милитсияи шаҳр он мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар кӯтоҳтарин фурсат шахсияти ронанда муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Муайян гардид, ки сокини шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 27-ум Эргашзода Рамазон Боҳир, соли таваллудаш 11.10.1990 ронандаи микроавтобуси тамғаи Мерседес Спринтер рақами давлатиаш 13 19 ТТ бо мусофиркшонӣ дар хатсайри 100 «Хуҷанд-Бўстон» машғул буда, санаи 9.03.2021 дар истгоҳи «Марказӣ»-и шаҳри Хуҷанд нисбати мусофирони микроавтобусаш дағалона муносибат карда, суханҳои қабеҳ гуфта, одоби шаҳрдориро риоя накарда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудааст. Ва имруз аз кирдори кардааш пушаймон аст.

Нисбати номбурда тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳо андешида шуда истодааст. Баъди анҷоми тафтишот муфассал маълумот пешниҳод карда мешавад.

Мақомоти назоратӣ ва интизомии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ чунин мавзуъҳоро, ки боиси риоя нашудани одби шаҳрдорӣ мегардад, пайгирӣ ва ашхоси қонуншиканро ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд