(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

Ташкили «Раводиди Шенген» дар шаҳри Хуҷанд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мариан Пшездзенскиро қабул намуд.
Раҷаббой Аҳмадзода қайд намуд, ки ҳоло гардиши молу маҳсулот байни соҳибкорони маркази вилоят ва Ҷумҳурии Лаҳистон зиёда аз 500 ҳазор евро буда, барои густариши ин ҳамкорӣ захираю имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Зеро фаъолияти 90 корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд, мавҷудияти намудҳои гуногуни маҳсулоти мевагӣ ва полезӣ имкон медиҳад, чун самтҳои минбаъдаи ҳамкории соҳибкорони тоҷику лаҳистонӣ баррасӣ шавад.
Сафир Мариан Пшездзенски бо мавқеи дар боло зикргардида мувофиқати худро изҳор намуда, қайд намуд, ки барои боло бурдани сатҳи ҳамкорӣ ва таҳкими робита  чанд тадбирҳои судманд аллакай роҳандозӣ шудаанд. Ба Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, ки ҳоло намояндагии дипломатии кишвараш бо истиқоматгоҳ дар шаҳри Тошканд баъди таҳлил ба хулоса омад,ки моҳе як маротиба хадамоти консулгарии сафоратхона ба шаҳри Хуҷанд омада, барои хоҳишмандон раводид хоҳад дод. Дар баробари ин барои муқаррар ва барқарорсозии қабристони асирони ҳарбии солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз кишвари Лаҳистон, ки эҳтимол дар Хуҷанд мавҷуд аст, амалишавии чанд лоиха пешбинӣ шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба сафир доири лоиҳаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавриди сохтмони коргоҳи коркарди партов ва таҷдиди фаъолияти коргоҳи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ маълумот дода, омодагии мақомотро барои ҳамкорӣ дар ин самт изхор намуд. Пешниҳоди мазкур қобили таваҷҷӯҳи меҳмонон гашт. Мувофиқа гардид, ки сохторҳои марбутаи ҷонибҳо ҳамкориро дар ин самт идома хоҳанд дод.