(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар даври ҷумҳуриявии Фестивали "Чакомаи гесу" намояндаи шаҳри Хуҷанд Шоҳина Қодирова аз рўйи номинатсияи «Ороиши қадимаи мўй» мақоми аввалро ба даст овард.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон, қироати ашъори баландмазмун бахшида ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесу, сару либос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини рӯй, мӯй, муҳофизати пӯсти дасту рӯй бо иштироки гулдухтарони тамоми маноитиқи ҷумҳурӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ҷамъбастии Фестивали «Чакомаи гесу» баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки ҳадафи баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги тоҷик, муаррифии анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, ҳунари волои машшотаҳо, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ, аз қабили мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва ба ин васила рӯйи кор омадани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозию оинасозӣ, кошонаҳои ҳусн ва талқини зебоипарастӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, то фарҳанг ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ карда шуда, пойдор бимонанд. Маҳз бо доир кардани чунин тадбирҳо, аз ҷумла Фестивали-озмуни «Чакомаи гесӯ» метавон гуфт, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик бештар ба самти зебоипарастиву дароз кардани гесӯвони худ рӯ овардаанд. Ин равандро метавон як навъ арҷгузорию эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ номид.

Ҳамчунин баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиш ва пардози рӯю мӯй вобаста ба анъанаи ин ё он маҳал, муаррифии санъати асили шонатарошию сурмапазӣ, навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ кашф шуда, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гиранд.

Бояд гуфт, ки ҳусни зан низ мисли чаҳор унсури олам ҷузъиёти худро дорад. Доштани мӯйи зебо, чеҳраи нафис, нигоҳи ҷаззоб ва дандонҳои садафосо аз ҷумлаи ин унсурҳо мебошанд. Зеро доштани мӯйҳои дарозу зебо ороёфта ба занони тоҷик ҳусну ҷамоли дигар зам мекунад.

Бори дигар ғолибияти Шоҳина Қодирова дар фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесў» ба ҳамагон муборак бошад!

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд