(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади бузургдошти модарон ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои онҳо дар рушду суръатбахшии хоҷагии халқи мамлакат бахшида ба Рўзи модар як қатор бонувони собиқадори давлатию ҷамъиятиро аёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни дидорбинӣ бо Биҳоҷал Раҳимова, ходими давлатию ҷамъиятӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Файзинисо Ғафурова, собиқадори соҳаи маориф, Ҳамроҳ Тоҳирова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Вера Трошинина заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҶБВ, дорандаи медалҳои ҷашнӣ ба муносибати Рўзи Ғалаба, Муқаддам Юсупова, собиқадори соҳаи маориф, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Хосият Зокирова, собиқадори хизмати давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва дигарон Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рўзи модар расонида, аз ҷумла афзуд, ки дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Саҳми бонувон хусусан дар соҳаҳои илму маориф, сиёсат, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Арҷ гузоштан ба хизматҳои модарону хоҳарон қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки шумо барин модаронро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории шумоён расем. Мо бо ифтихор ва такрор ба такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайру хизмат ба инсоният дуо додааст.

Аёдатшудагон: Биҳоҷал Раҳимова, ходими давлатию ҷамъиятӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Файзинисо Ғафурова, собиқадори соҳаи маориф, Ҳамроҳ Тоҳирова, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Вера Трошинина заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҶБВ, дорандаи медалҳои ҷашнӣ ба муносибати Рўзи Ғалаба, Муқаддам Юсупова, собиқадори соҳаи маориф, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Хосият Зокирова, собиқадори хизмати давлатӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва дигарон аз ин таваҷҷуҳу ва ғамхорӣ сипосгузорӣ намуда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба бонувон, бахусус занони собиқадор арзи миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар оянда низ баҳри тарбия, насиҳат ва раҳнамоии насли наврасу ҷавон тамоми васила ва қувваи хешро сафарбар хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд