(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилояти Анвар Яъқубӣ ба манзили якчанд нафар бонувони собиқадори арсаи меҳнат рафта, эшонро табрик намуданд.

Фирдавс Шарифзода ва Анвар Яъқубӣ зимни мулоқоти самимӣ бо Бибифайзӣ Қодироваи 95 сола заҳматкаши ақибгоҳи солҳои ҶБВ, дорандаи Медали ҷашнӣ ба муносибати Иди Ғалаба , Манзура Бобоҷонова, собиқадори меҳнат, ки тўли 20 сол Раиси Шўрои занони маҳаллаи Сайҳун буд, Қутфинисо Раҳмонова бонуи 90 сола, собиқадори меҳнат, заҳматкаши ақибгоҳи ҶБВ, дорандаи медалҳои ҷашнӣ ва Муҳаррам Азимова собиқадори меҳнат, ки солҳои зиёд роҳбарии Шўрои бонувони маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷандро ба ўҳда дошт, аз ғамхориҳои Давлату Ҳукумат нисбати бонувон ва арҷгузории собиқадорон ёдоварӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро ба камол мерасонанд. Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад.

Бибифайзӣ Қодироваи 95 сола, Муҳаррам Азимоваи 90 сола, Манзура Бобоҷоноваи 80 сола ва Муҳаррам Азимоваи 77 сола, ки умри пурбаракати хешро сарфи хидмат ба халқу миллат ва сарзамини аҷдодӣ намуда, дар рушду инкишоф ва ҷомеа ҳиссагузорӣ намуда, аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, баҳри амну осоиштагӣ ва пойдори Ваҳдат дар мамлакат дуои хайр намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд