(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Хизматрасонӣ аз рӯи таҷрибаи пешқадамДар пешорӯи саристгоҳи кӯҳнаи шаҳр як пора ҷойи нообод буд, ки ба назари меҳмон, албатта, хуш намерасид. Аммо ин ҷой аз назари мардони баору номуси шаҳр пинҳон намонд. Аввалин шуда, соҳибкор Зарифҷон Самадов майл ба ободонии ин гӯшаи нообод кард. Вай пеш аз ҳама талаботи сокинони гирду атрофи маҳалларо омӯхт. Донист, ки барои онон як маркази хизматрасонии соҳаи савдо зарур аст. Аз ин рӯ, ӯ нақшаи ташкили мағозаи озуқавориро кашид, таҷрибаи пешқадами ташкилкунандагони савдои озуқавориро омӯхт ва бо харҷи як миллион сомонӣ бинои чаҳорошёнае бунёд карда, ошёни якуми онро барои ташкили мағоза муҷаҳҳаз гардонд.
Расми кушоди мағозаи хӯрокворӣ бо иштироки Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт. Зери садои қарсакҳои сокинони маҳалла лентаи рамзӣ бурида шуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти соҳибкори номбурдаро намунаи ибрат номид. Изҳори умед кард, ки дигарон ҳам ба ободонӣ ва пешрафти шаҳри бостонии Хуҷанд азму майл мекунанд.
Ҳама ба мағоза даромада, анвои хӯрданиро диданд, ки сифати баланд доранд. Онҳоро соҳибкорон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷамоҳири Назди Балтик овардаанд.
Дар мағоза шуъбаҳоеро ҷой додаанд, ки дар онҳо маҳсулоти ширу гӯшт, ширавор, нӯшокиҳои ташнашикан ва молҳои барои рӯзгор зарурро ба савдо гузоштан мумкин аст ва ин хел омилкориро идораи беҳдошт ва пешгирии интишори амрози сорӣ талаб мекунад.
Кормандони мағоза ҳам санъати бо маданияти баланд савдо карданро омӯхтаанд. «Марҳамат ба мағоза, мо дар хизмати шумо, хуш бошед, боз биёед» мегӯянд онҳо ба чеҳраи харидор назари меҳр дӯхта.
Бинои ин марказ аз чаҳор ошёна иборат буда, соҳибкор Зарифҷон Самадов дар се ошёнаи боло хонаҳои истиқоматӣ бунёд кардааст, ки нӯҳ оила дар онҳо бо хушу хурсандӣ умр ба сар бурда метавонад.
Дар як соати аввал кормандони мағоза ба 120 нафар харидор хизмат расонданд. Ба онҳо гӯшаи фурӯши меваю сабзавот ва полезиҳо бештар маъқул шуд. Чунки хидматгузорон ба маҳсулот вобаста ба вазну сифаташ арзиш ва қиматашро навиштаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки баробари фаъолияти ин маркази савдо барои 14 нафар сокинони маркази вилоят шароити нави бо кори доимӣ таъмин шудан пайдо шуд.