(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рўзи модар чорабинии адабӣ-фарҳангии пурмазмун аз ҷониби хонандагон пешкаши муаллимаҳои муассисаи таълимӣ гардид.

Дар маҳфили идона муҳассилин бо шеъру суруд, тарона ва гуфторҳои бузургон дар бораи бонувон ироа намуда, саҳнаҳои ҷолиб намоиш дода, рақсҳои мавзун намуданд.

Таъкид гардид, ки нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд модар аст. Ба ибораи дигар, зан-модар миллат, вориси он ва ҳомии Ватанро тарбия менамояд. Аз ин рӯ, бояд занон соҳибмаърифат ва тибқи таомули шарқӣ хушодобу хушрафтор, хушгуфтору хушкирдор ва барои тарбияи хуби фарзандон, ба ҳаёти мустақилона ҳаматарафа омода кардани онҳо пеш аз ҳама худашон дорои донишу малакаи кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ бошанд. Нақши модар дар тарбия, нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанди худ бузург мебошад. Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омӯзонидани забон шурӯъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ӯ хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад. Фарзанди ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим ва фарзанде, ки аз лаҳни ширини модар панду насиҳат мешунавад, ба қадри модари худ, миллати худ, Ватани худ, забони шевои модарӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги куҳанбунёди миллати тамаддунофари худ мерасад.

Зикр гардид, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони фарзона ва оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ - таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин бо заҳмату ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд