(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сокинони касбу кори гуногун ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди 22 маҳаллаҳои шаҳр ҳашарҳои дарахтшинонӣ ва сабзазоркунию гулшинонӣ муташаккилона ҷараён доранд.

Дар ин радиф дар шафати шоҳроҳи маҳаллаи Чашмаи Арзана аз ҷониби кормандони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилӣ беш аз 500 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Тибқи иттилои масъулин ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози мавсими ниҳолшинонӣ то ба имрўз дар қаламрави шаҳри Хуҷанд беш аз 3000 бех ниҳолҳои гуногуни гуногуни ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар тамоми қаламрави шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, сокинон бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан диёри хешро сабзу хуррам мегардонанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд