(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар хиёбони Исмоили Сомонии мавзеъи Гулбаҳори шаҳри Хуҷанд дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии ки бо тарҳи зебову муосир бунёд гардидааст, маркази савдо ва хизматрасонии «Шириниҳои Дилбар» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маркази савдо ва хизматрасонии «Шириниҳои Дилбар», ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Даврон Ёрматов ифтитоҳ гардид, асосан ба истеҳсол ва фурўши шириниҳои гуногун бо тамғаи молии «Шириниҳои Дилбар» машғул буда, беш аз 20 намуди шириниҳоро зиёда аз 10 сол инҷониб дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ва атрофи он ба мизоҷон манзур намуда истодааст.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд зимни ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонии «Шириниҳои Дилбар» аз ин иқдоми соҳибкори ватанӣ тавсиф намуда, таъкид дошт, ки он армуғони тоза ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин ҳама самараи ғамхорӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорон арзёбӣ намуд, ки чунин шароит ва имтиёзоти кору фаъолиятро баро соҳибкорон муҳайё намудаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин Маркази савдо ва хизматрасонии «Шириниҳои Дилбар» дар микроноҳияи 8-уми шаҳри Хуҷанд низ буда, ин дуюмин маркази савдои ширкати мазкур мебошад, ки бо ҳадафи тавсеъаи фаъолият роҳандозӣ гардидааст. Минбаъд дар маркази мазкур истеҳсоли шириниҳо низ ба роҳ монда шуда, ба мизоҷон пешниҳод мегардад ва яке аз маконҳои серодами шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд