(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, фаъолони Кумитаи маҳаллаи «Навбаҳор», донишҷўён ва кормандони беморхонаи касалиҳои чашм, МТТ №27 ва дигарон дар кўчаи “15 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и шаҳр аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва баргузор карда шуд.

Ҳашарчиён ва иштирокдорони аксия дар ин маърака муташаккилона иштирок намуда, баҳри ободонии маҳалли зист ва фаъолияти худ ҳиссаи арзандаи хешро гузоштанд.

Таъкид гардид, ки бояд ҳар як шаҳрванди мамлакат барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд. Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат дар сиёсати пешгирифтаи худ ба масъалаҳои беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ диққати ҷиддӣ дода, онро яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати худ муайян намудааст.

Бояд қайд намуд, ки баҳри беҳдошти ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ин мақсад соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» ва соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» қабул гардиданд. Дар асоси талаботи қонунҳои мазкур «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ва шоиста истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ситоди доимӣ ва гурӯҳҳои корӣ фаъолият доранд, ки саҳми онҳо дар татбиқи раванди ободонию созандагӣ, тарғиби маърифати экологӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим муассир аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд