(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ва Фестивали заргарӣ» таҳти унвони «Ҳунар омӯз» доир гардид, ки дар он сангтарош аз шаҳри Хуҷанд Ғолибҷон Усмонов дар номиннатсияи «Ҳунарманди касбӣ» мақоми аввалро ба даст овард.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, дар маросими ҷоизасупорӣ доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии мамлакат сухан карда гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо ба татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани иқтидори саноатии мамлакат, муаррифии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Мусаллам аст, ки озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳо, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Тоҷикистон-Суғду Хатлон, Бадахшон ва шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Эҳё ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан таҳияи маҳсулоти ороишӣ аз санг, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарманд, ташкили ҷойҳои корӣ ва ба ин васила рушди бахши сайёҳӣ аз хадафҳои асосии озмун мебошад. Зеро баргузории чунин озмунҳо имкон медиҳад, ки ҳунармандон маҳсулоти беҳтаринро пешниҳоди харидорон ва сайёҳон гардонанд. Тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан ҳунари сангтарошӣ ва заргарӣ саривақтӣ ва барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳим мебошад, зеро дастранҷи ҳунармандони асилро метавон ҳамчун армуғони беҳтарини миллӣ ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» аз рӯи се номинатсия –«Корхонаи истеҳсолӣ», «Ҳунарманди касбӣ» ва «Ҳунарманд» ҷамъбаст гардида, дар номинатсияи «Корхонаи истеҳсолӣ» ширкати «Рухом» зинаи якум, «Асрори санг» зинаи дуюм ва соҳибкори инфиродӣ Ҷамшед Ҳасанов зинаи сеюмро касб намуданд.

Дар номинатсияи «Ҳунарманди касбӣ» сангтарош аз шаҳри бостонии Хуҷанд Ғолибҷон Усмонов мақоми аввалро ба даст овард. Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ғолиб диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд